Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ баргузор гардид.
Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия О. Маҳмадов оид ба рафти корҳои корҳои ободонию созандагӣ, ки дар ҳудуди ноҳия бо иштирок аъзоёни ҳизб ба анҷом расонидаанд, ҳисобот доданд.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов ба сухан баромада, аз ҷумла қайд карданд:- Боиси сарфарозист, ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлолияти комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд. Маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати саросарист, ки мо ҳизбиён дар маҷлисҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои бунёдкорона ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон суханронӣ менамоем.
Мо-ҳизбиёнро зарур аст, ки баҳри ободонии махалли зисти хеш саҳми арзандаи хешро гузошта, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, ба корҳои ободонию созандагӣ ҷалб созем. Зеро ояндаи миллату давлат аз ҷавонон вобастагӣ дорад.
Ҳамчунин дар маҷлиси мазкур мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш аъзои фаъоли ҲХДТ Шаҳноза Маҳмадсаидзода ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маърифатчиён” Азизулло Негматов суханронӣ карданд.