ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Панҷшанбе, 24.10.2019, 12:09

Корҳои  ободонӣ  дар ҳудуди  ноҳия  вусъати тоза  касб мекунад. Дар радифи даҳҳо  иншооти бунёдшаванда ҳамчунин роҳравҳо  дар  кӯчаҳо сафолакчинӣ карда мешаванд.  Айни  замон   корҳои  сафолакчинии дар Ҷамоати шаҳраки Вахш бо маром идома дорад. Сафолакчинӣ марказҳои савдо, хизматрасонӣ роҳи пиёдагарди назди  бинои  истиқоматӣ  бори  дигар сокинонро руҳбаланд намуда, ба  корҳои  ободонию созандагӣ  талқин  мекунад. Мавриди  зикр аст,  ки роҳҳои  пиёдагарди Ҷамоати шаҳраки Вахш солҳои  зиёд  ба  таъмиру азнавсозӣ ниёз  дошту дорад ва  чуқуриҳои  сершумори ин роҳ  гашту гузори  сокинонро душвор сохтаанд. Айни ҳол бо ташаббуси баъзе аз соҳибкорон назди марказҳои хизматрасонӣ, савдо, дорухона каме ҳам бошад ба тартиб дароварда шудааст. Боварӣ дорем, ки ин иқдоми хайрхоҳонаи ҳар фарди ватандӯст дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *