ХИЗМАТ ВАТАН-МОДАР ҚАРЗИ ФАРЗАНДИСТ

Панҷшанбе, 24.10.2019, 18:10

Дар деҳаи «Файзбахш»-и Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш вохӯрӣ ба аҳолӣ доир гардид

Исмоил Ҷалилов, муовин-мудири шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирӣ Илҳом  Даминов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили терроризм, экстремизм, худсӯзӣ, худкушӣ, содиршавии ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандон ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир саркашӣ накардан аз хизмати ҳарбӣ ҳамчун мояи нангу номус буда, падару модаронро ҷиҳати ташвиқи фарзандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дилгарм созем.

Ба ҷавонон дарси шуҷоату мардонагӣ омӯзонида, бо дарки баланди инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ тарбия намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *