ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ

Дар ҷаласаи назди иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов, ки рӯзи 21 октябр баргузор гардид, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинони раис, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаи иқтисодиёт, сохтмон ва коммуналӣ, робита бо ҷомеа, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат доштанд, ки Гулизор Тоҷиддинзода, раиси Ҷамоати шаҳраки Вахш оид ба бурду бохти ҷамоати мазкур дар давоми нуҳ моҳи соли 2019-ум дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

Сипас, муовинони раиси ноҳия С. Абдуллозода, А. Файзуллозода ва Ф. Зоҳидзода дар назди раиси ноҳия оид ба корҳои анҷомдодашудаи якҳафтаина ҳисобот доданд.

Қурбоналӣ Юсупов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш ба муовини соҳаи иқтисод С. Абдуллозода супориш доданд, ки оид ба беталаф ғундоштани ҳосили боранҷ парваридаи марди деҳқон «тиллои сафед», таъмини иҷроиши қисми даромади буҷети ноҳия, пардохти сари вақтии музди меҳнат, нафақа яке аз масъалаҳои муҳими натанҳо муовини аввали раиси ноҳия балки ҳар як роҳбари ташкилоту идора ва ҷамоату дигар кормандони соҳа буда, барои ҳалли онҳо тадбирҳои муҳим андешанд.

А. Файзуллозода оид ба таъмири роҳҳо, чароғонкунии Ҷамоати шаҳраки Вахш, саривақт тоза намудани роҳу роҳравҳо, ба низом даровардани корҳои сохтмонӣ, коммуналӣ, тайёрӣ ба зимистони солҳои 2019-2020-ум, таъмири трансформаторҳо ва баҳри мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи сохтмон ва коммуналӣ чораҳои зарурӣ андешида, корро ҷоннок намоянд.

Ф. Зоҳидзодаро лозим аст, ки кори соҳаи фарҳанг, клубу китобхонаҳо, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷалби бештари хонандагон ба китобхонӣ, дӯст доштани ватани хеш, кор бо оилаҳои ҷавон, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо байни ҷавонону наврасон низ  яке аз масъалаҳои рӯзмаррае буда, ба он таваҷҷуҳ  зоҳир намуда, оид ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо падару модарон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҳаргуна бемориҳои сироятӣ ҳам дар байни аҳолӣ ва ҳам дар байни чорво, назоратӣ ба фурӯш набаровардани маҳсулотҳои пастсифат, аз ҳоли тандурустии мардум тез-тез хабар гирифтани духтурони тибби оилавӣ, вусъати корҳои ободонӣ дар муассисаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ яке аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки мавриди баррасӣ қарор доранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *