…ҒАРАЗҲОРО ЧАРО АЗ ДИЛ НАРОНЕМ

Яке аз масъалаҳои муҳиме, имрӯз Тоҷикистонро сахт ба ташвиш гузоштааст, ин нофаҳмиҳои байни марзи Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, ҳар як фарди ватандӯстро бетараф гузошта наметавонад.

Њодисаи чанде пеш рухдода бори дигар собит сохт, сиёҳдилоне, ҳастанд, ки намехоҳанд, дӯстию баробарӣ байни мардуми тоҷику қирғиз пойдор бимонад. Њодисаи рухдода маънои онро дорад, ки мардум набояд њушёриро аз даст дињад. Ашхосе, ки дар безобита кардани аҳолӣ даст дорад, ба њама кор ќодир ҳастанд.  

Коштани тухми кинаву адовати динӣ, маргталабиҳои динӣ, сӯиистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, омили пурдаҳшат ва хатарэҷодкунандаи терроризм ва экстремизми динӣ дар ҷаҳони муосир мебошад, ки имрӯзҳо ба тамоюли хатарнок табдил ёфта истодаанд, моро водор месозанд, ки дар ин самт беш аз пеш зирак бошем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш оид ба терроризм чунин қайд карда буд: «Террорист ватан, дин ва мазҳаб надорад. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом амалҳои сиёҳу нопоки сиёсӣ содир карда мешавад. Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар иброз менамоям, ки номи неки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст».

Мо-намозгузорони масҷиди ҷомеаи ба номи «Имоми Аъзам»-и Ҷамоати шаҳраки Киров, аз мусоҳибае, ки ТТЭ ҲНИ бо ташаббуси навбатии риёкорони наҳзатӣ, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ баргузор гардид, ниҳоят мутаассифем. Зеро, чандин сол аст, ки ин ҳизб аз номи ислом бардурӯғ баромад намуда, барои осоиш ва осудагии мардуми тоҷик халал ворид месозад, то ба андешаи худ табаддулоте бархезонад ва ин сарзамини биҳиштосоро ба майдони кашмакаши сиёсӣ табдил диҳанд. Аммо мо-аҳли ҷамоатчигӣ аз корҳои пештараи наҳзатиён хуб огоҳем, ТТЭ ҲНИ чӣ мақсаду ғаразҳои нопок дорад, хуб медонем. Зеро Кабирӣ бо ҳамҷинсгароёнаш чун каждуми таги бурё ҳар гоҳ неш назананд, пули ҳароми «хоҷагони хориҷӣ»-аш заҳри баданашон мешавад.

Ҳар ашхосе, ки тарафдории аз ТТЭ ҲНИ мекунад, яқин террорист худи ӯст. Мо ҳаёти осоиштаро дар симои Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) ва амали ӯ омӯхтаему меомӯзем. Он амалҳои зиште, ки ин ҳизбиёни манҳус ба анҷом мерасонанд, дар ягон расму оини дини мубини ислом тамоман нест. ТТЭ ҲНИ таҳти роҳбари Муҳиддин Кабирӣ даст ба ҳар гуна фасодкорӣ мезананд, ҷавононро бо ҳар роҳу восита шомил худ месозанд, ин гуноҳи азиме, ки нисбати ҷавонон содир мекунад, дар назди миллати сарбаланди тоҷик бахшида нест. Фитнагариҳои ин «косалеси хориҷиён» дар мазҳаби ҳанафӣ рост намеояд. Ин тафриқаандозиҳои Кабирӣ заррае ба замони ҳазрати Муҳаммад (с) мувофиқат намекунад. Чунки Расулаллоҳ дуруди Худо бар ӯ ва ба олаш ба саҳҳобагону пайравонаш чунин таъкид мекард: «Мо мардум муросо кунед, байни ҳамдигар дӯсту бародар бошед ва тухми кинаву адоватро байни мардум макоред».

Пас, аз гуфтаҳои Пайғамбарамон ҳазрати Расули Акрам (с) мо-тоҷикон, ки пайравони ӯем, дини мубини исломро қабул дорем, мазҳабамон мазҳаби Имоми Аъзам чаро байни ҳам тухми кина мепарварем? Ин ҳама фитнагарию дасисабозиҳо, гирдиҳамоиву тафриқаандозиҳо аз баҳри чист?

Дар китоби муқаддаси Қуръон омадааст, ки «Шумо итоати Худо кунед, итоати Паёмбар кунед, итоати роҳбарону пешвоёни худатон кунед, дар байни худ ба хунрезиву ҷангу ҷанҷолу ихтилоф роҳ надиҳед. Агар Шумо ихтилоф меандозед, ҷанҷолу хунрезӣ мекунед, қувваи шумо меравад, хору заиф мешавед».

Дар тамоми мамлакатҳои ҷангзадаи дунё тинҷиву оромии Тоҷикистонро дида, орзуи тинҷу ором будани ватани хешро мекунанд. Чунин  инсонҳо нисбати ҳар як ҳодисаю амалҳои нохуш дурандешона амал намуда, хулосаи дуруст мебарорад.

Аз берун зархаридони хориҷӣ ду халқи бо ҳам дӯсту бародарро фиреб дода, байни ҳам ҷанг меандозанд. Дар Афғонистон тайи чанд даҳсолаҳо аст, ки гурӯҳҳои ба ном ҷиҳодӣ ва ба ном ҳомии ислом, даст ба қатлу куштори якдигар зада, кишварро хароб ва мардуми Афғонистонро овора карда истодаанд. Оё мусалмонӣ ҳамин аст? Имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ ва моҷароҷӯ ҷамъ омада аз номи дини мубини ислом мусалмононро фиреб медиҳанд, ки гӯё онҳо «дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карда истодаанд».

Оё ҷиҳод ҳамин аст, ки мусалмон мусалмонро бикушад? Хуни якдигарро бирезанд? Масҷидҳоро кафонда, мардуми бегуноҳро қатл намоем? Паёмбар (с) гуфт, ки «Ислом дини раҳм аст, дини улфат аст, дини дӯстӣ аст, дини сулҳ аст, дини ваҳдат аст».

Мо бояд андеша кунем вақте, ки Паёмбари Худо Ватанашро дӯст медорад, мо умматонаш бояд ба ӯ пайравӣ намуда, Ватани худ, Пешвои миллатамонро дӯст дорем ва марзу буми Ватани азизамонро мисли гавҳараки чашм нигаҳбон бошем. Фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ, эҳтироми калонсолон, эҳтиром ба оиладорӣ, нигоҳ доштани анъанаҳои миллиамон тарбият намоем, ки фардо дар ғафлат намонем.

Ҳар шахсе, ки лоақал заррае дар вуҷуди худ ҳисси хештаншиносиву худогоҳӣ ва ҳисси миллӣ дорад, ба худ савол медиҳад, оё намозу рӯзаашон самимию беғаразона ва сидқан бетамаъ буд. Дини мубини ислом дини покиву озодагӣ буда, бояд сурату сирати инсон низ ба он мувофиқат намояд.

Ҳазрати Муҳаммад (с) хонаи хоксорона дошт. Ҳеҷ гоҳ бечоранолӣ намекард, дар зиндагӣ қаноатмандиро пеша карда буд. Ба бечорагону бенавоён дасти кумак дароз мекард. Фурӯтанию хоксорӣ хислати ҳамешагиаш буданд. Оид ба хислатҳои неки Пайғамбарамон ҳар қадар гӯем кам аст. Аммо имрӯз яке қавме худро пайравони дини мубини ислом муаррифӣ карда, даст ба корҳои зишт мезананд. Аз ҷумла гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тундгароӣ ва ҳатто намоишҳои эътирозӣ ташкил карда, ба чор гӯшаи дунё ҳадс мезананд, гӯё шаҳрвандоне ҳастанд, ки пуштибони сиёсӣ меҷӯянд. Ин боз як дурӯғи маҳзи наҳзатиён аст, ки мехоҳад бо маддоҳӣ соҳиби пули ҳароми «хоҷагони хориҷӣ»-аш гардад.

Аз дур истодаву сангпартоӣ мекунад. Қалбашон пок набуду нест. Чунки хуни ноҳақ рехтаанд. Агар заррае мардонагӣ дар вуҷудашон ҷой медошт, аз гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз аз чашмонашон ашки шодӣ ҷорӣ мешуд. Вале ҳайҳот мурдорҳои хунхор, айни замон аз дастовардҳои Истиқлолият хун мегирянд…

Мо-аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш ба сафсатаҳои беобуранги Кабирӣ,  бовар надорем. Чунки ӯ як чуғзе ҳаст, дар вайронаҳо болонишин!

Аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *