ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРИИ НОБОЛИҒОН

Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид доштанд: «Наврасон ва ҷавононро аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардан вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа мебошад». Дар ҳақиқат, тарбияи наврасон яке аз муҳимтарин рукни ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, дар симои ин насли ояндасоз давлату миллат пойдориву ояндаи хешро мебинад. Бахусус, дар замоне, ки фазои иттилооти ҷаҳонро хатари калон таҳдид мекунад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ин масъала ногузир аст.

Хотиррасон бояд кард, ки мувофиқи меъёрҳои илми ҳуқуқи ҷинояти ноболиғ шахсе эътироф мешавад, ки дар вақти содир намудани ҷиноят 14-солагиро пур карда, ба сини 18 нарасидааст.

Зимнан, аз тарафи мақоми олии қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳое қабул шудаанд, ки метавонанд маърифати ҳуқуқии падару модарон ва кӯдаконро боло бардоранд. Яке аз чунин санадҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд» мебошад. Инчунин, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши хуқуқии  шаҳрвандон Барномаи давлатии таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009-2019 қабул карда шуд, ки имрӯзҳо аз ҷониби аҳли ҷомеаи Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст. Ёдрас бояд шуд, ки мақсад аз қабули ин санадҳои муҳим баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба қонунҳо, дарк намудани ягонагии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд мебошад.

Тибқи нақшаи шуъбаи маорифи ноҳия ва дар ҷамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ маҷлисҳои падару модарон гузаронида,  дар он яке аз масъалаҳои баррасишаванда иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” буд, ки дар рафти он ба иштирокчиён мазмуну моҳияти қонуни мазкур фаҳмонида шуд.

Дар ноҳия рейдҳои муштарак оид ба пешгири намудани ворид шудани хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ бо  телефонҳои мобилӣ гузаронида шуда, риояи сару либоси тавсиявӣ, давомот ва рӯзномадории хонандагон дида баромада шуданд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия мувофиқи нақша-чорабиниҳои тартибдодашуда баҳри таҳкими ватандӯстии ҷавонон, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии онҳо, инчунин оид ба ахлоқи ҳамида, фарҳанги либоспӯшӣ, дар байни хонандагон ва падару модарон баромадҳо ташкил карда шуданд.

Аз тарафи кормандони шуъбаи маориф дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон вохӯрию  суҳбатҳои пешгирикунӣ гузаронида, волидайни хонандагон оид ба муносибати махсус бо ноболиғон дар мактабу хона маслиҳатҳои лозима дода шуданд. Хусусан барои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои ифротӣ, гирифторшавӣ ба нашъамандӣ ва содир намудани сӯйиқасд ба ҷони худ ба падару модарон маслиҳату дастурҳои махсус дода шуд.

Гузашта аз ин «Интихор ва худкушӣ навъи қатл ба шумор меравад, ки Худованд  онро  ҳаром ва номашруъ гардонидааст. Худкушӣ аз назари ақлӣ ҳам яке аз бадтарин намудҳои қатл ва ҷиноят ба шумор меравад. Зеро ишқ ба зиндагӣ ва муҳофизати ҷони хеш мавзуи фитрӣ ва табиист». Ҳамзамон, дар ояти 29-и сураи  «Нисо» мефармояд: Вало тақлику анфусакум илат таҳлука. Яъне, ки: …хештанро макушед. Ба дурустӣ, ки  Худо ба Шумо меҳрубон аст. Ҳамчунин ҳадисҳое зиёде ҳаст, ки  худкушӣ ё худсӯзӣ амалест нобахшиданӣ ба назди Худованд. Ин падидаи нангин дар дини  мубини ислом ин амал ҳаром шуморида шудааст. Аз мушоҳидаҳои ҳаётӣ  бармеояд, ки дар рӯйдоди нохуш сабабҳо гуногунанд. Аз ҷумла: сатҳи пасти дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ноболиғон, таъсири вазъи иҷтимоӣ ба тарбия кӯдак, бекорӣ, раванди муҳоҷирати меҳнатии волидон, ки  муддати тӯлонӣ  кӯдакон беназорат мемонанд, кам будани корҳои ташвиқотию  тарғиботӣ  оид ба таъмини волоияти қонун, бепарвоии волидон нисбат ба тақдири ояндаи фарзандон, таъсири баъзе шабакаҳои интернетӣ ба ахлоқи кӯдакон, ғайримақсаднок истифода бурдани воситаҳои технологияи муосир.

Дар баробари ин тарбияи насли инсон кори ниҳоят душвор буда, дониши амиқ ва маҳорати муайянро талаб менамояд. Сабабҳои асосии бетарбияии фарзандонро дар инҳо мебинад, эрка тарбия намудани фарзандон, инчиқии наврасон дар оила, аҳамияти муҳит, тарбияи хушмуомилагӣ, ёд додан, мақоми хушмуомилагӣ дар азнавтарбияткунӣ, хоксорӣ, намунаи ибрати падару модар  ва ғайра.

Ҳамасола ҷиноятҳои содиршударо  бо иштироки ноболиғон дар муқоиса бо солҳои пешин муҳокима мекунем ва хулоса мебарорем. Вале фикр мекарда бошем, ки  бо кадом роҳ  ин амалҳои номатлуб  бояд решаканда карда шаванд?  Охир ҷиноят, он хоҳ хурд бошад, хоҳ калон, доимо хатар дорад. Ба фикри ман барои ҳалли ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тарбияи ноболиғон  ба назар гирифтани як қатор омилҳо аз манфиат холӣ нест. Чунончи: 

– фаъол гардонидани нақши равоншинос дар оила;

-омода намудани дастуру тавсияҳо доир ба пешгирии ҷиноятҳои гуногун;

– ҷалби волидон тавассути чорабиниҳои гуногун;

– ташкилу вохӯриҳо бо аҳли илму адаб, фарҳанг, мақомоти низомӣ, собикадори меҳнат ва фаъолони ҷомеа;

-баргузории семинару маҳфилҳо бо мақсади баланд бардоштани  донишҳои равонии падару модарон;

-баланд бардоштани масъулияти  мақомоти маҳал ҷиҳати таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба ҳаёти ноболиғон.

Боварӣ дорем, ки  чунин имкониятҳо метавонанд ноболиғонро  аз даст задан бар ҳар гуна амали ноҷо ва ҳуқуқвайронкунӣ  ҷилавгирӣ намуда,  онҳоро ба дарки моҳияти қонун,  хатари ҷинояткорӣ, озодии виҷдон, покизагии ахлоқ, эҳтиром ба қонун,  волоият ва иҷрои бемайлони он водор намояд.

Ш. Маҳмадсаидзода,

мудири шуъбаи маориф

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *