ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ОТАШИ ЗАМОН АСТ

Терроризм ва экстремизм  амали номатлуб буда, ба он ҷавонони камсавод, сабукфикр, ё худ наврасоне аз оилаҳои вайроншуда шомил мегарданд. Хоҷагони хориҷии террористон  худашон низ аз тоифаҳои бехирадонанд. Онҳо худро дар либоси дини муъбини ислом  гирифта,   ба ҳар роҳу восита ба ваъдаҳои дурӯғ, пулу мол одамонро ба гурӯҳҳои террористии худ ҷалб мекунанд.

Ба шомилшавии ҷавонон шояд мо тамоми аҳли ҷомеа, раиси маҳалла, имомхатиби маҳал, омӯзгор, мураббия, оила ва муҳит гунаҳгорем.

Шояд мақоли мардумӣ рост меояд, ки мегӯянд: «панҷ ангушти панҷа баробар нест». Дар  солҳои охир мо  ҳама як тан шудему он нафаронеро, ки дар ин роҳ равон шуда  буданд, то қадри имкон гардондем.

Минбаъд низ мо метавонем корҳои фаҳмондадиҳиро ҳаматарафа ба роҳ монда, дар масҷиду ҷамоатҳо, мактабҳо онҳоро ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб намоем.

Аксарияти ҷавонони мо бо чашмони худ тариқи шабакаҳои интернетӣ диданд, оқибати террористиро дарк намуданд, маънои аслии онро фаҳмиданд, ки шомилшавии онҳо минбаъд аз байн меравад. Шоири шаҳиру ватандӯст Муҳаммад Иқбол мегӯяд:

Санг чу дар гумони шиша кард,

Шиша гардиду  шикастан пеша кард.

Мардуми тоҷики бофарҳанги мо, ки имрӯз тарбияти давлати демократию дунявиро гирифт, дигар ҳеҷ гоҳ худро қурбони нодонию ҷаҳолат нахоҳад кард. Ман ҳамчун як омузгор  инро бо боварӣ мегӯям, зеро ҷавонони ояндасози имрӯзаи мо аз ҷавонони 20-30 сол пештар фарқ доранд. Баргардондани кӯдакон аз кишвари Сурия ин як фидоии давлат дар ҳаққи фарзандони дур аз ватан мондаи миллаташ мебошад.   

МАҲМАДУЛЛО АБДУНАЗАРОВ -омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №6

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *