ХУДКӮШӢ ГУНОҲ АСТ

Дар сураи Бақара ояти 195 чунин омадааст: «Бо дастони худ худро ба нобудӣ наяфканед». Дар ин оят ба дастони худ гуфта  киноя аз ихтиёр мебошад, яъне ба ихтиёри худ ва  қасдан худкушӣ накунед, зеро ин гуноҳи кабира ва кори ҳаром аст.

Аллоҳтаъоло дар сураи Нисо ояти 29 чунин  мефармояд, ки «Худкушӣ макунед».

Дар ин оят ду мафҳум вуҷуд дорад. Якеаш ин аст, ки худкушӣ мутаассифона имрӯзҳо дар ҷомеаи мо баъзе инсонҳо  аз ҳаром будани ин гуноҳ огоҳ нестанд ё дидаву дониста  худро ба ин гуноҳи  бузург   мубтало  месозанд. Худро ба дор меовезанд ё ба оташ месӯзонанд ё ба қатл  мерасонанд.

Дар ҳоле, ки Расули Акрам (с) дар  аҳодиси  муборакаш аз ин кор манъ  фармудааст ва барои  ин амал сазои вазнин дар рӯзи қиёмат баён кардааст.

Чи тавре, ки дар сураи Кубро Эмом Байҳақи аз ҳазрати Собит ибни  Заҳҳок ривоят нақл кардааст, ки Расули Акрам салаллоҳу алайҳи васалам  фармудаанд: «Ҳар касе худкушӣ кунад, ба чизе рӯзи қиёмат  ба ҳамон чиз дар дӯзах азоб дода мешавад».

Ҳазрати Абуҳурайра разиалоҳу анҳу аз Пайғамбар салаллоҳу алайҳи васалам  нақл мекунад, ки фармуданд: «Ҳар касе худкушӣ кунад ё ба  оҳане он оҳан дар даста рӯзи киёмат ба он  шиками худро  мехалонад ва ҳар касе худкушӣ кунад, ба заҳр он заҳр дар дасташ рӯзи қиёмат онро мекушад ва ҳар касе, ки худро аз кӯҳе биафканад ва қатл кунад, худро рӯзи қиёмат дар дӯзах худро  меафканад.

 Дар  саҳиҳи ибни хибон аз ҳазрати Абуҳурайра разиалоҳу анҳу ривояте аст, ки Расули Акрам салаллоҳ ъалайҳи вассалам  фармудаанд, ки: «Ҳар касе дар дунё худро ба дор овезонад ва қатл кунад, рӯзи қиёмат дар дӯзах худро ба он гуна азоб медиҳад».

Пас моро лозим аст, ки аз ин гуноҳи кабира  ва амале, ки сабаби  хашму азоби Парвардигор мешавад ва  муҷиби дохилшавии дӯзах мешавад, худдорӣ кунем.

Саид Давлатов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

ба номи А. Сиддиқ, Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *