МУРОҶИАТНОМА: ҒАРАЗҲО ТИРА СОЗАД ДӮСТИРО…

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш оид ба терроризм чунин қайд карда буд: «Террорист ватан, дин ва мазхаб надорад. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеч умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом амалҳои сиёҳу нопоки сиёсӣ содир карда мешавад. Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар иброз менамоям, ки номи неки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст».

Мо-намозгузорони масҷиди ҷомеаи ба номи «Имоми Аъзам»-и Ҷамоати шаҳраки Киров, аз мусоҳибае, ки ТТЭ ҲНИ дар шаҳри Истанбули Туркия бо Шайх Муҳаммад Ҳасан валади Ал-дадду Шанқитӣ ташаббуси навбатии риёкорони наҳзатӣ, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ баргузор гардид, ниҳоят мутаассифем. Зеро, чандин сол аст, ки ин ҳизб аз номи ислом бардурӯғ баромад намуда, барои осоиш ва осудагии мардуми тоҷик халал ворид месозад, то ба андешаи худ табаддулоте бархезонад ва ин сарзамини биҳиштосоро ба майдони кашмакаши сиёсӣ тадбил диҳанд. Аммо мо-аҳли ҷамоатчигӣ аз корҳои пештараи наҳзатиён хуб огоҳем, ТТЭ ҲНИ чӣ мақсаду ғаразҳои нопок дорад, хуб медонем. Зери Кабирӣ бо ҳамҷинсгароёнаш чун каждуми таги бурё ҳар гоҳ неш назананд, пули ҳароми «хоҷагони хориҷӣ»-аш заҳри баданашон мешавад.

Ҳар ашхосе, ки тарафдории аз ТТЭ ҲНИ мекунад, яқин террорист худи ӯст. Мо ҳаёти осоиштаро дар симои Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) ва амали ӯ омӯхтаему меомӯзем. Он амалҳои зиште, ки ин ҳизбиёни манҳус ба анҷом мерасонанд, дар ягон расму оини дини мубини ислом тамоман нест. ТТЭ ҲНИ таҳти роҳбари Муҳиддин Кабирӣ даст ба ҳар гуна фасодкорӣ мезананд, ҷавононро бо ҳар роҳу восита шомил худ месозанд, ин гуноҳи азиме, ки нисбати ҷавонон содир мекунад, дар назди миллати сарбаланди тоҷик бахшида нест. Фитнагариҳои ин «косалеси хориҷиён» дар мазҳаби ҳанафӣ рост намеояд. Ин тафриқаандозиҳои Кабирӣ заррае ба замони ҳазрати Муҳаммад (с) мувофиқат намекунад. Чунки Расулаллоҳ дуруди Худо бар ӯ ва ба олаш ба саҳобагону пайравонаш чунин таъкид мекард: «Мо мардум муросо кунед, байни ҳамдигар дӯсту бародар бошед ва тухми кинаву адоватро байни мардум макоред».

Пас, аз гуфтаҳои Пайғамбарамон ҳазрати Расули Акрам (с) мо-тоҷикон, ки пайравони ӯем, дини мубини исломро қабул дорем, мазҳабамон мазҳаби Имоми Аъзам чаро байни ҳам тухми кина мепарварем? Ин ҳама фитнагарию дасисабозиҳо, гирдиҳамоиву тафриқаандозиҳо аз баҳри чист?

Кӯр асояшро як бор гум мекунад. Мо аз ниятҳои нопокат Кабирӣ бохабарем, аз ниятҳои ғаразноки ту хуб воқифем. Агар худро меҳандӯсту ватандор мешуморӣ, пас биё иқрор шав, ки аз кардаҳоят пушаймонӣ. Ба ҷойи тавбаю надомат ҷавононро бо пули ҳаром фирефта насоз, чунки онҳо низ дер ё зуд аз кардаҳояшон пушаймон гашта, сангборонат месозанд. Ин дунё гузарон аст, ҳар лаҳзаи зиндагӣ низ ғанимат аст.

Ҳазрати Муҳаммад (с) хонаи хоксорона дошт. Ҳеҷ гоҳ бечоранолӣ намекард, дар зиндагӣ қаноатмандиро пеша карда буд. Ба бечорагону бенавоён дасти кумак дароз мекард. Фурӯтанию хоксорӣ хислати ҳамешагиаш буданд. Оид ба хислатҳои неки Пайғамбарамон ҳар қадар гӯем кам аст. Аммо имрӯз яке қавме худро пайравони дини мубини ислом муаррифӣ карда, даст ба корҳои зишт мезананд. Аз ҷумла гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тундгароӣ ва ҳатто намоишҳои эътирозӣ ташкил карда, ба чор гӯшаи дунё ҳадс мезананд, гӯё шаҳрвандоне ҳастанд, ки пуштибони сиёсӣ меҷӯянд. Ин боз як дурӯғи маҳзи наҳзатиён аст, ки мехоҳад бо маддоҳӣ соҳиби пули ҳароми «хоҷагони хориҷӣ»-аш гардад.

Муҳиддин Кабирӣ ва косалесони ТТЭ ҲНИ!!!

Аз дур истодаву сангпартоӣ макунед. Қалбатон пок набуду нест. Чунки хуни ноҳақ рехтаед. Агар заррае мардонагӣ дар вуҷудатон ҷой медошт, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чашмонатон ашки шодӣ ҷорӣ мешуд. Вале ҳайҳот мурдорҳои хунхор, айни замон аз дастовардҳои Тоҷикистони азиз, хун мегиред…

Мо-аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш ба сафсатаҳои беобурангат, Кабирӣ,  бовар надорем. Чунки ту як чуғзе ҳастӣ, дар вайронаҳо болонишин!

Аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *