Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мопр-2»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод вохӯрӣ оид ба афзалияти «Либоси миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Сайёра Мардонова иштирок дошта, аз ҷумла қайд намуд:
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронияш оид ба истифода либоси миллии тоҷикӣ таъкид месозад. Вақте бонувонро дар пироҳани атласу адрас ё чакан мебинед, дилро фараҳ мебахшад. Инчунин таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни мухталифи дунё либоси миллии онҳост.