Ваҳдат – асоси саодату пирӯзиҳои мост

Имзои Созишномаи умумии истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ яке аз саҳифаҳои  дурахшону умедбахш ва сабақомӯзи  таърихи  халқамон  буда, рӯзи  ба ҳамоӣ ва дӯстию рафоқат  пазируфта шудааст.

Ин рӯзи  саид, ки  барои халқу  миллатамон  хеле азизу  муқаддас  гаштааст ба осонӣ  ба даст наомадааст. Ибтидои  солҳои  90-уми  қарни  гузашта  дар қатори дигар ҷумҳуриҳои  собиқ  Иттиҳоди  Шӯравӣ  ҷумҳурии  мо низ  Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Аммо  мардуми мо ки  дар як давраи ҳассоси  таърихӣ  қарор дошт, натавонист, ки  ин неъмати нодири Истиқлолро ба манфиати халқу  Ватани  хеш истифода барад.

Фоҷиаи бузурге ба сари миллат омад. Бо касофатии  ҷанги  шаҳрвандӣ  шаҳру  деҳот хароб гашта,  ҳазорҳо нафар қурбони  ҷаҳолат гаштанд. Модари  тоҷик ашк мерехт, хонаи тоҷик  месӯхт…

Хушбахтона,  ақлу иродаи солим  ба кор омад. Бахти  мардуми тоҷик  баландӣ  кард, дар ҳассостарин лаҳзае, ки тақдири  давлату миллати тоҷик , қисмати халқ  ҳал мешуд, бо ҳидояти Худованд ба арсаи сиёсат  шахсе омад, ки  дарди миллатро  ба худ қабул  намуда,  рисолати вазнини  наҷотбахширо  ба уҳда гирифт. Ин ҷавонмарди  шуҷоъ, ватандӯст тоҷики парокандаро ба ҳам овард, чун чароғи  раҳнамо мардумро ба сӯи ояндаи  нек  раҳнамоӣ кард.

Ҳанӯз 27  сол муқаддам  дар Иҷлосияи  тақдирсози  таърихии  16-уми  Шӯрои  Олии  ҷумҳурӣ нахустин Паёми хешро аз сулҳу  ваҳдат ва  ба ҳамоиии мардуми кишвар  оғоз намуда,  дар дили  ҳар як  тоҷикистонӣ  шуълаи  умедро ато кард. Ӯ воқеан  ҳамчун поягузор ва меъмори  сулҳи  тоҷикон  ба водии  дилҳои  одамон роҳ ёфта, маҳбуби  ҳамагон гардидааст. Фарзанди  фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шарофати  хираду  заковати худододӣ тавонист миллати тоҷикро  ба оламиён муаррифӣ кунад, халқро ба созандагӣ  ҳидоят намояд, риштаҳои  дӯстию рафоқатро  миёни  кулли  шаҳрвандони  кишварамон  бипайвандад. Истиқлолияти давлатиро  ҳамчун бузургтарин, волотарин ва муқаддастарин  арзиш  ҳифз  намуда,  дар қалби  мардуми кишвар ҷой  диҳад. Тавассути  тадбирҳои  хирадмандона ва ҷасорату  матонати фавқулодда  Ватанро  аз вартаи фалокат берун оварда,  мардуми парешонро  сарҷамъ сохт ва садҳо фирориёнро ба Ватани аҷдодӣ  баргардонд. Танҳо як сафари  ҷасурона, ҷонфидоёна Сарвари  давлатамон  дар шароити хеле  мураккаб ба мавзеи Хостдеҳи Афғонистон  обрӯ  ва маҳбубияти ӯро дар назди  халқу  Ватан дучанд намуд. Ва бешак Пешвои миллат  намунаи баланди  ибрат  ва ифтихори ватанхоҳию ватандӯстдорӣ  барои ҳар як фарди  ҷомеа мебошад.

Сипаҳсолор  Аҳмадшоҳи Масъуд дар хусуси  мавқеи  ватандӯстӣ ва гуманистии Сарвари  давлатии тоҷикон дар он солҳо иброз намудааст: «Роҳбари  Тоҷикистонро  ман ҳамчун  шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвар, миллати тоҷикро,  Ватанаш Тоҷикистонро хеле амиқ  ва самимона  дӯст медорад. Барои  беҳбудии  халқу  марзу  бумаш  омодааст  ҷонбозиҳо кунад».

Ваҳдати ба даст омадаро ҳифз бояд кард, зеро он  рӯйи сурху  сари баланди  ҳар яки мост. Ваҳдати  дар ҳамон шабу  рӯзҳо  барои миллати мо чун обу ҳаво зарур  фикру  андешаи душманонро ботил сохт. Садои нағмаю сурурашон  хомӯш гардид. Санги  маломат ва ҷаҳолат  аз бағали онҳо афтид.  

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру  замонҳо  сулҳу  ваҳдат,  дӯстию бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, рафоқату  ягонагии  аҳли ҷомеа асоси пойдевори  давлат мебошад. Ваҳдати миллӣ  барои  ҳастии  миллати бостонии  мо  дар баробари  забони  модарӣ  ва дигари рукнҳои   давлатдориамон  нақши  тақдирсоз дорад.

Албатта,  таҷлили  ҳарсолаи ин иди  бошукуҳи  миллӣ нишони  қудрати дӯстию ягонагии  мардуми кишвар  бо сарварии  Президенти мамлакат бошад, пас  эҳтиёту  ҳифз  ва пойдор нигоҳ доштани  ин арзиши  волои миллӣ  нишони  фарҳангу  маънавиёти баланди  халқамон  хоҳад буд.

Агар ба осори  гаронбаҳои  бузургони  гузашта  назар афканам  саропо  васфи Ватан,  дӯстию рафоқат ва иттиҳод мебошад. Онҳо хоки Ватанро  ба атру  мушк  ташбеҳ дода,  арзишмантарин  суханони  таълимию тарбиявиро эҷод кардаанд. Оре,  иттиҳоди  миллӣ  неъмати бузург ва мукаддасе  мебошад, ки тамоми  дастоварду  комёбиҳои  давлатамон  ва саодати рӯзгори  мардум аз он ибтидо мегирад. Бале,  маҳз  ваҳдату  ягонагӣ  буд, ки мо дар муддати кӯтоҳи  таърихӣ ба ободию осудагии рӯзгор ва дастовардҳое мушарраф гардидаем, ки солиёни  дароз дар орзуяш будем. Сарвари  давлат зимни  суханрониҳояшон  таъкид карда буданд: «Мо ба ҷаҳониён  собит хоҳем кард, ки  миллати воқеан мутамаддину заҳматкаш, ободгару  созанда  ва сулҳхоҳу  ваҳдатгаро ҳастем». Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Таҷрибаи сиёсати Сарвари  давлати мо  дар ҷодаи  таъмини  сулҳу  салоҳи  босубот ва ба Ватан баргардонидани  фирориён  аз тарафи Созмони  Милали  Муттаҳид, Созмони  амният ва ҳамкорӣ  дар Аврупо  ҳамчун модели  нодири  сиёсати сулҳофарӣ  эътироф  гардид.

27 июни  соли  1997 беҳтарин  рӯз  дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон буд, зеро дар он рӯз кабутари  сулҳ  дар қаламрави кишварамон  боли худро кушод. Дар 22-соли  ваҳдатобод Ватанамон  ба дастовардҳои  муҳими  сиёсӣ, иқтисодию  иҷтимоӣ  ва фарҳангӣ  ноил гардид. Ҳар як  тадбиру  барномаи Пешвои миллат  хоҳ  иқтисодию сиёсӣ,  хоҳ  иҷтимою фарҳангӣ  бошад, боиси устувории  ваҳдати  миллӣ ва рушду нумуъи  кишвармон мегардад. Намунаи дурахшони  яке аз ин тадбирҳо  навсозиҳои роҳҳои  кишварамон  мебошад, ки  ҳамчун «Шоҳроҳи  ваҳдат» қабул гардид. «Шоҳроҳи ваҳдат» манотиқи кишварро бо ҳам мепайвандад ва то сарҳади Чин мерасад. Ин шоҳроҳ  ҳамчун пайвандгари  дилҳо   баҳри  қавитар гардидани риштаҳои  дӯстию рафоқат ҳамбастагию  якдилӣ ва рафту омади мардумамон  хизмати шоиста  хоҳад кард.  Бунёди  нақбҳои замонавии  Шаҳристону  Чормағзак  аз дастовардҳои бузургу  нодир маҳсуб меёбанд. Зеро он  орзуи чандинасраи мардумамон  буд.

Мо имрӯз  таҳти сарварии  фарзанди  оқилу  хирадманд ва шуҷоъи миллат Эмомалӣ  Раҳмон ҳам  ба сулҳу  салоҳи  бо субот расидем  ва ҳам дараҷаи олии хештаншиносию худогоҳии миллиро дарк намудем.

Ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки тӯли  ин солҳо Роҳбари  давлат пайваста ба манотиқи кишвар, вилояту  шаҳрҳо ва ноҳияҳо сафарҳои  корӣ анҷом дода,  ба вазъи  ҳаёти мардум, ҷараёни  иҷрои  барномаҳои  иқтисодию иҷтимоӣ  шинос гардида,  бо мардум суҳбату  вохӯриҳои  самимӣ гузаронида,  барои вусъати корҳои  ободонию созандагӣ  ҳидоят менамояд. Ҳар як чунин боздидҳои Пешвои миллат омили асосии таҳкими ваҳдати миллӣ  ватандӯстию хештаншиносӣ  гардида,  маҳбубияту самимият ва ҳурмату  эҳтиромашро  дар назди халқаш дучанд гардида,  барои  ояндаи неку  дурахшони  кишвар боварӣ  мебахшад.

Боиси қаноатмандӣ  ва шукргузорист, ки имрӯз аз баракати ваҳдати миллӣ, сулҳу  суботи пойдор ва меҳнати самарабахши  сокинонаш ноҳия бо тадриҷ симои худро  тағйир дода, корҳои ободонӣ  вусъати тоза касб карда,  ноҳияи Вахш рушду нумуъ ёфта истодааст. Ва мардум ба ояндаи неку дурахшонаш боварии  комил доранд.

Ваҳдати мо  воқеан ҳам дастоварди  арзишманду  муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадор  ҳастем, ки онро чун гавҳараки чашм  ҳифзу  ҳимоят намоем ва нагузорем, ки нохалафе  ин сарҷамъию осудагии  моро халалдор созад. Ҳаргиз набояд фаромӯш кард, ки бо чи хел мушкилот мо ба ваҳдати миллӣ,  сулҳу  субот расидем. Ба қадри  Ватан, истиқлолият, муқаддасоти миллӣ арзишҳои волои фарҳанги миллати  хеш бирасем, насли  ҷавони имрӯзу фардоро аз таъриху  ахлоқ ва фарҳанги  ғании  халқи хеш огоҳ созем. Зеро ба қавли  шоир «Нисори роҳи ваҳдат мешавад, ҷоне, ки огоҳ аст».

Аз ин рӯ,  имрӯз ҳаёт тақозо мекунад, ки ҳар фарди  ба ору  номус аз ҳарвақта дида  зичтару   содиқона  дар атрофи Сарвари  давлатамон  муттаҳид  бошем. Баҳри  пойдории  ваҳдати миллӣ  пешрафту  шукуфоии кишварамон  кӯшиш ба харҷ бидиҳем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо ва саодати зиндагӣ дар ваҳдату  иттиҳод мебошад.

Ф. Зоҳидзода,

муовини раиси ноҳия Вахш

0 thoughts on “Ваҳдат – асоси саодату пирӯзиҳои мост

  1. 바이비트 (Bybit) 소개

    바이비트(Bybit)는 빠르게 성장하고 있는 암호화폐 거래소 중 하나로, 이용자들에게 다양한 거래 옵션과 함께 안전하고 효율적인 거래 환경을 제공합니다. 2018년에 설립된 이 플랫폼은 선물 거래와 마진 거래에 주력하며, 전 세계의 암호화폐 트레이더들에게 널리 알려져 있습니다.

    주요 특징

    1. 사용자 친화적인 인터페이스: 바이비트는 직관적인 UI/UX를 제공하여 초보자부터 전문가까지 쉽게 사용할 수 있는 플랫폼입니다. 거래 차트와 도구들이 잘 배치되어 있어 실시간 시장 분석이 용이합니다.

    2. 고속 거래 실행: 바이비트는 높은 성능의 서버와 기술 인프라를 갖추고 있어, 거래 체결 속도가 빠릅니다. 이는 트레이더가 빈번한 거래를 필요로 하는 암호화폐 시장에서 큰 장점이 됩니다.

    3. 레버리지 거래: 바이비트는 최대 100배의 레버리지를 제공합니다. 이는 트레이더가 적은 자본으로도 큰 규모의 거래를 할 수 있게 해주지만, 동시에 높은 리스크를 동반하므로 주의가 필요합니다.

    4. 안전성: 바이비트는 고객 자산의 안전을 위해 여러 가지 보안 조치를 취하고 있습니다. 이중 인증(2FA)과 지갑 자산의 오프라인 저장 등 다양한 보안 기능이 제공되어 해킹 등의 위험에 대비하고 있습니다.

    5. 모바일 거래: 바이비트는 모바일 앱을 제공하여 언제 어디서나 거래할 수 있는 flexibility를 제공합니다. 이는 바쁜 일상 속에서도 트레이더가 시장의 변화를 실시간으로 파악하고 대응할 수 있게 해줍니다.

    거래 가능한 암호화폐

    바이비트에서는 비트코인(BTC), 이더리움(ETH), 리플(XRP), 라이트코인(LTC) 등 다양한 주요 암호화폐를 거래할 수 있습니다. 또한, 유망한 알트코인에 대한 거래도 지원하여 트레이더들이 다양한 투자 기회를 누릴 수 있습니다 bybit

    커뮤니티와 지원

    바이비트는 활발한 사용자 커뮤니티와 지원 시스템을 운영하여 거래자들에게 필요한 정보를 제공합니다. 공식 웹사이트와 소셜 미디어를 통해 업데이트와 교육 자료가 지속적으로 제공되며, 고객 지원팀이 여러 언어로 문의를 처리합니다.

    결론

    바이비트는 다양한 기능과 안전성을 갖춘 암호화폐 거래소로, 많은 트레이더들에게 인기를 얻고 있습니다. 초보자와 경험이 풍부한 트레이더 모두에게 유용한 플랫폼으로, 암호화폐 거래의 세계에 발을 내딛고자 하는 이들에게 강력하게 추천할 수 있습니다. 그러나 모든 거래에는 리스크가 따르므로 충분히 학습하고 신중하게 접근하는 것이 중요합니다.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *