ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ САҲЛАНГОРӢ НАКУНЕМ!

Худованди бузург дар каломи Раббониаш мефармояд: Сураи «Нисо», ояти 93, «Ва агар бандае шахсеро ба қатл расонад, яъне қасдан, пас фаромӯш накунад, ки ҷойгоҳаш дӯзахи сӯзон аст ва дар ин дӯзах абадӣ боқӣ мемонад, чунки ин қотил дар ғазаб ва лаънати Парвардигораш гирифтор гардидааст».

Шахсе, ки ба қатлу ғорати мардумони бегуноҳ даст мезанад, дар тамоми китобҳои осмонӣ мазамат карда шудааст. Ҳатто лаънати Худованди якка ва ягона, фариштагон, пайғамбарон бар ҳамон гурӯҳҳо мебошад.

Дар замонҳои қадим ин гурӯҳро «қотил», «ҷаллод» ва «хоин» ном мебурданд, ки даст ба қатлу куштор ашхоси бегуноҳ мезаданд.

Агар мо таърихро варақ гардон дар он омадааст:

Дар замонҳои қадим подшоҳи золиме будааст ва дар чандин муҳорибаҳо шикаст мехӯрад. Ӯ вазире бадхӯйе доштааст, барояш маслиҳат медиҳад, ки ҷавонони 15-20-соларо аз бозори ғуломон зиёда аз 200 нафарро ҷамъ созед. Дар як биёбону беобу бедолу дарахт дусад мехи оҳанин халонанд, занҷирҳо омода созанд. Сари ҷавонҳои бегуноҳро тарошида, дар дасту пойҳояшон завлона мезананд ва биёбони беоб мисли ҳайвон бастанд.

Дар назди подшоҳи золим 10 нафар ҷавонони ҳузарб айшу нӯш мекарданд. Ҳар субҳу шом 200 ҷавони бегуноҳро қамчинкорӣ мекарданд. Ҳангоми ба охир расидани ҷазо подшоҳи золим пайдо мешуд ва дар даст қамчини калон гӯё ин 10 паҳлавонро дар назди онҳо қамчин мезад ва ҷавонон ба ин подшоҳи золим муҳаббат мекарданд. Ин 10 паҳлавон таоме, ки дар назди ҷавонон буд, мегирифтанд ва беҳуда зулму ситамашон мекарданд. Подшоҳи золим ба онҳо таоми хуб медоду навозишашон мекард. Аз азобу уқубат озодашон мекард, бо ин гуна сохтакориҳоро 30 рӯз давом дод. Дар рӯзи 31 бошад дар зарфе равғани сахте бо заҳр омехта буд ва 10 паҳлавон зарфи равғанро ба сари ҷавонҳо мешикананд, баъди 3-4 рӯз хотираи ҷавонон заиф мегардад.  Ғайр аз шоҳи золим дигар ҳеҷ касро намешиносанд. Баъди истифои равғани заҳролуд 10-12 нафари онҳо ба ҳалокат мерасанд. Боқимонда ақлу заковати хешро гум месозанд. Ин зулму ситам чиҳил рӯз давом мекунад ва онҳо пурра ақли хешро гумкарда, фармонбардорӣ подшоҳи золим мегарданд. Аз онҳо мепурсиданд, ки:

– Ватанат куҷост?

-Намедонам, -ҷавоб медоданд онҳо.

-Падару модарат кист?

-Намедонам, -ҷавоб доданд.

-Номат чист?

-Намедонам…

Ҳушу ёдашон фақат ба подшоҳи золим банд буд ва ҳар супорише аз ҷониби соҳибашро мешуд. Ба монанди саги ваҳшие, ки фақат соҳибашро мешиносаду халос.

Подшоҳи золим модаре, ки чанд моҳ боз фарзандашро ҷустуҷӯ мекард ва аз ғаму андӯҳи зиёд хаста гашта буд, супориш доданд, ки ба назди фарзандаш оранд. Вақте модари зор бо фарзандаш рӯ ба рӯ гашт, подшоҳи золим амр кард, ки:

-Ин занро ба қатл расон!

Ҷавон дарҳол модарашро ба қатл расонид, ҳатто ҳис накард, ки он маъсум модараш аст.

Ин гурӯҳ бо номи «Манқуртиён» дар таърих зикр гардидааст. Бе ҳеҷ шаку шубҳа дар рафтору кирдорҳои террорист- экстремизм айнан хислатҳои «Манқуртиён» ба назар мерасад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш қайд карданд, ки: «Терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад, чунки дини мубини ислом пок буда, танҳо ва танҳо покӣ, ростқавлӣ ва сулҳу суботро мепарастад».

Ҳадаф аз гуфтаҳо боло дар он аст, ки волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд саҳлангорӣ насозанд. Беназоратии падару модар нисбати таълиму тарбияи фарзанд бахусус пайвастшавии наврасону ҷавонон ба шабакаҳои интернетӣ мағзшӯи карда, ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремисти шомил мешаванд. Онҳо ақидаҳои гурӯҳҳои террористиро дар хеш қабул карда, падару модар, дину давлатро душмани №1 хеш медонанд.

Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ҷоннок созем.  Ҳимояи марзу буми Ватан, муқаддас доштани Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худогоҳ аст.

Ҳикматулло Сиҷоатов,

сархатиби масчиди

марказии ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *