КИШОВАРЗӢ ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ МУҲИМИ РӮЗ!

Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Якатут-2»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  дар мавзӯи «Фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари  онҳо ба хоҷагидорию кишоварзӣ» вохӯрӣ доир карда шуд.

Нахуст зимни вохӯрӣ Худойдод Ёров қайд кард, ки  бояд ба дарки ҷомеа расонем, ки истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замин боиси баланд гаштани сатҳи некӯаҳволиамон мегардад. Инчунин, ба дарки мардум, бахусус деҳқонону кишоварзон расонидани нуктае, ки вазифаи онҳо аз ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ  аст ва ҳамин чиз нақши онҳоро дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати  кишвар  ҳифзи озуқаворӣ муайян менамояд.  Дар ин замина барзгарон метавонанд ба фурӯши маҳсулоти деҳқонии худ бе миёнарав машғул шуда, даромадашро боз  ҳам бештар кунад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *